Музаффар

Muzaffar ohangar

Музаддар оҳангар мебошад. Якум қарз (2 000) соли 2016 гирифт ва дар соли 2017 дуюм ба 2 500. Вай яке аз беҳтарин оҳангари район мебошад ва асбобҳои оди барои кишоварз месозад, лекин ҳам лампочкаҳо ва панҷераҳои зебо. „Ман хеле минатдор ҳастам, ки Шумо ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунед ва ман ҳунари падарамро давом додан метавонам.”

Суҳроб

Suhrob limonSuhrob limon 2

Суҳроб бо парвариши лимон машғул мебошад. Аз соли 2011 мизоҷи мо мебошад. Аввал чорво парвар буд. Баъд ду мошин барои додаронаш харид, то ки такси кор кунанд. Аз онҳо иҷорабпулӣ гирифт ва аз он маблағ барои худаш Мерседеси боркаши майда гирифт. Дар қишлоқҳо картошка, сабзи, пиёз ва дар тобистон тарбузу харбуза мефурухт. Пас аз он гармхона сохат лимон парварӣ сар кард ва дар он эксперт шуд. Аз тамоми район одамон меоянд ва аз вай таҷриба мегиранд барои лимон парварӣ. Охирон қарз 40 000 буд. „Ман бе кор дар хона шиштан наметонам. Бо қарзи Шумо ман корамро васеъ карда боз навашро сар кардам. Тамоми оилаам бо ман кор мекунад.”

Ҳабибуло

Habibulo maghoza

Ҳабибуло мағозаи майда дар назди МХМХ-и Кушониён дорад. Аввалин қарз дар соли 2016 гирифт (3 600), қарзи ҳозирааш 30 000 мебошад (7-ум). Бо ин қарзҳо бори мағоза зиёд карда даромадаш зиёд шуд. Аз фойдааш замин харида, хона кард, ва онро ҳамеша калон карда истодааст. Вақте ки падараш дар кори хоҷагии қишлоқ банкрот шуд, Ҳабибуло қарзашро пардохт карда ба падараш кор дод. Агар дар мағоза кор бисёр аст, ё ин ки Ҳабибуло кори дигар дорад, падараш ба вай ёрдам мекунад. „Ман баракати Худо бо воситаи ҳамкорӣ бо Шумо дидам ва сатҳи зиндагии ман хеле бехтар шуд. Ман мехоҳам, ки ин ҳамкориро давон диҳам.”