Тараққиёти тиҷорати хурд

Набудани ҷойи кор дар айни замон яке аз масъалаҳои асосии камбизоатӣ ва рушд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шумораи зиёди одамон кор кардан мехоҳанд, аммо кор ёфта наметавонанд ё агар кор пайдо кунанд, онҳо чунин маоши кам ба даст меоваранд, ки бо он зиндагӣ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бисёриҳо маҷбуранд дар ҷустуҷӯи кор кишварро тарк кунанд.

Фурӯз мутмаин аст, ки на корхонаҳои хурд, балки корхонаҳои хурду миёна афзоишёбанда Тоҷикистонро рушд дода, шумораи кофии ҷойҳои кориро фароҳам меоранд. Мо ба соҳибкорони хурд қарз медиҳем, то онҳо муваффақ шаванд ва рушд кунанд. Аммо рушди дарозмуддати Тоҷикистон ва ташкили ҷойҳои кории устувор аз корхонаҳои хурду миёна (КХМ) вобаста аст. Ин сохта намешавад, вақте ки 50 зан якхела нонро дар бозор фурӯшанд, ки онро як нафар дар супермаркет низ карда метавонад.