Орзуи мо

Фурӯз тараққӣ меёбад ва дар соли 2021 ба шакли Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд табдил меёбад, то ки хизматҳои молявии бехтарин расонад, бо аҳамияти махсус ба тараққиёти бизнеси хурд.

Миссияи мо

Расонидани хизматҳои молявии бехтарин барои рушди Тоҷикистон.
Шиор: Қарзҳои мо - пешрафти Шумо

 

Арзишҳои асосӣ

1. Сифати баланди хизматҳо (росткорӣ ва ростқавлӣ, мизоҷ дар ҷои аввал, муомилаи олӣ, ҳамеша беҳтар шудан)

2. Муҳити кории аъло (командаи муттаҳид, боварӣ ва ёрии ҳамдигар, баланси кор ва оила, ташаббускорӣ)

Таърих

Фаъолияти қарздиҳии хурди Фурӯз моҳи ноябри соли 1999 ҳамчун барномаи рушди корхонаҳои хурди НПО-и байналмиллалии Милленниум – Хизматрасониҳои Ёрӣ ва Тараққиёт оғоз ёфт. Пас аз рушди устувор, он ҳамчун ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фурӯз ба қайд гирифта шуд. Пас аз гирифтани литсензияи қарздиҳӣ дар моҳи марти соли 2006 аз Бонки Миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзии хурд Фурӯз ба фаъолияти қарздиҳӣ шурӯъ кард.

Набудани ҷойи кор дар Тоҷикистон як мушкили музмин аст. Барои чанд бахти қодир ба кор, маоши кам маъмул аст ва ҳатто нишондиҳандаҳои ахири Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки 34,5% дар зери хатти фақр ба даст меоранд. Бо чунин дурнамо рӯ ба рӯ шуда, дар солҳои охир қисми зиёди қувваи кории Тоҷикистон муҳоҷират ба Русияро ихтиёр кардаанд ва интиқоли пул асосан аз Русия ҳоло тақрибан 30% Маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро (ВВП) ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, диққати асосии Фурӯз ҳавасманд кардани рушди бумии иқтисодист, ки ҳалли дарозмуддати мушкилоти иқтисодии Тоҷикистонро пешниҳод мекунад. Мо на танҳо дастрасӣ ба қарзро таъмин мекунем; мо мекӯшем, ки чунин қарз барои соҳибкорони дорои фоидаи воқеӣ ва иқтидори рушд дастрас бошад.

Гарчанде ки дар ибтидо танҳо дар Ғарби вилояти Хатлони Ҷанубӣ фаъолият мекард, Фурӯз фаъолияташро ба пойтахт Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он густариш дод. Дар айни замон Фурӯз ба муштариён аз 62 ноҳия, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ), ки 40% аҳолии Тоҷикистонро фаро мегиранд, хизмат мерасонад.